Июл 17, 2017 14:49 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон - талош барои пиёдасозии модели русӣ

Ҳизби ҳокими сотсиал - демократи Қирғизистон Соронбой Ҷенбековро ба унвони номзади аслии худ барои интихобот муаррифӣ кард.

Бар асоси эъломи расонаҳои Қирғизистон то кунун 25 нафар омодагии худро барои ҳузур дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон эълом кардаанд. Сабти ном аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон то аввали август идома хоҳад дошт ва интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон 15-уми октябр баргузор мешавад.

 Соронбой Ҷенбеков аз соли 2016 ба унвони нахуствазири Қирғизистон машғул ба кор шудааст. Вай аз назари сиёсӣ хатти фикрии наздике бо раиси ҷумҳурии феълии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дорад ва пеш аз он низ фармондори минтақаи ҳассоси Ӯш будааст.

Бо таваҷҷуҳ ба равобити наздики Отамбоев ва Ҷенбеков ба назар мерасад, ки Отамбоев ба думболи ин аст то бо тақлид аз модели русии Путин- Медведев, контроли худ бар фазои сиёсии кишвар идома ёбад. Зеро ки дар сурати дастёбии Ҷенбеков ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ, вай метавонад ҳузури худ дар қудратро аз тариқи ҷойгоҳи нахуствазирӣ идома диҳад. Аз ин рӯ раёсати ҷумҳурии Ҷенбеков ба маънои идомаи вазъияти феълии ҳукмронӣ дар Қирғизистон аст.

Аз сӯйи дигар, мухолифони давлат Қирғизистон вазъияти феълиро намоёнгари нокоромдии ҳукумат барои мубориза бо фасод медонанд.

 Соро Чойес, пажӯҳишгари муассисаи “Корнеги” интихоботи соли 2017-и Қирғизистонро боаҳамият хонда ва фасодро мавзӯи калидии он медонад. Вай мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки қонуни асосии Қирғизистон раиси ҷумҳурии кунуниро аз ҳузури дубора дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ манъ мекунад, аммо шабакаи фасод ба думболи ҷойгузине ҳамонанди Ҷебеков барои вай аст.

Аммо давлати феълии Қирғизистон бояд дар назар дошта бошад, ки фасод пеш аз ин дар солҳои 2005 ва 2010 мсабаби суқути давлатҳои Қирғизистон дар асари инқилоб ва эътирозоти дохилӣ шуд.

 Акнун низ бо вуҷуди идомаи мушкилоти фасоди давлатӣ дар Қирғизистон ва фарогир будани он дар байни сиёсатмадорони қирқиз, ба назар мерасад, ки мардум умеде ба тағйири вазъияти мавҷуд надошта бошанд. Аз ин рӯ рӯйкарди мардум барои тағйир дар вазъи мавҷуд бисёр заиф ба назар мерасад.

Аз сӯйи дигар, таҷрибаи муваффақи инқилобҳои соли 2005 ва 2010 дар сарнагунии давлатҳо мумкин аст мардуми Қирғизистонро тарғиб ба интихоби шеваҳои эътирозӣ кунад. Аз ин рӯ зарурӣ аст ҳар як аз номзадҳои ин интихобот на танҳо дар таблиғоти интихобот, балки дар сурати пирӯзӣ низ ҳадафгузории худро бар рӯйи мубориза бо фасод савқ диҳанд то аз ин тариқ суботи Қирғизистон ҳифз шавад ва мардуми ин кишвар эътимоди худ ба низоми сиёсиро бори дигар ба даст биоваранд.