Июл 25, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Қирғизистон, камтарин олудакунандагони муҳити зисти минтақа

Баррасиҳои илмии анҷомшуда нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишваре дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки камтарин мизони олояндаҳои муҳити зисти минтақаро ба худ ихтисос додаанд.

Ба нақл аз сомонаи Заноза, Туркманистону Қазоқистон нисбат ба кишварҳои минтақа, аз ҳама бештар газу ангишт дар марокизи санъатии худ истифода карда ва бештарин ҳаҷми олояндаҳои муҳити зистро низ ба фазо партоб мекунанд .

Ин ду кишвар бо афзоиши қобили мулоҳизаи тавлиди газҳои гулхонаӣ таи 15 соли ахир, 85 дарсад аз олояндаҳои муҳити зисти Осиёи Марказиро ба худ ихтисос додаанд .

Бар асоси ин пажуҳиш, Туркманистон акнун ба танҳоӣ ба андозаи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ газҳои гулхонаӣ тавлид мекунад ва таи 15 соли ахир ҷойгоҳи нахустро дар ин минтақа ба худ ихтисос додааст .

Мизони олояндаҳои зистмуҳитии тавлидшуда дар Туркманистон 40 баробар бештар аз Тоҷикистон аст .

Бо вуҷуди инки Узбакистон бо истифода аз газ барои тавлиди барқи ин кишвар таи 15 соли ахир, тавлиди олояндаҳои зистмуҳитиро ба як чаҳорум коҳиш додааст, аммо Туркманистон дар тавлиди барқ 100 дарсад аз газ ва Қазоқистон 72 дарсад аз ангишт истифода мекунанд .

Тоҷикистону Қирғизистон низ умдаи барқи мавриди ниёзи худро аз нерӯгоҳҳои барқӣ- обӣ ба даст меоваранд, ки барои муҳити зист хатаре надорад .