Август 01, 2017 18:23 Asia/Dushanbe
  • Даст кашидани раиси парлумони Қирғизистон аз номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ

Раиси парлумони Қирғизистон аз ширкат дар рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар даст кашид.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Чинибой Турсунбеков рӯзи сешанбе дар конфронси матбуотӣ бо эъломи ин хабар афзуд, симмати худро ба унвони раиси парлумони ин кишвар ҳифз хоҳад кард. Даст кашидани раиси парлумони Қирғизистон аз номзадӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар ҳоле аст, ки пештар аъзои Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон бо номзадии ӯ барои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар мухолифат карда буданд.

Сабти номи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Кумитаи интихоботӣ, ки аз 15-уми июн оғоз шудааст, рӯзи сешанбеи аввали август ба поён мерасад. Тибқи Қонуни Асосии Қирғизистон, давраи раёсатҷумҳурии Алмосбек Атамбоев имсол ба поён мерасад ва ӯ наметавонд барои симмати раёсатҷумҳурӣ ду бор пай дар пай номзад шавад.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон 15-уми октябри имсол баргузор мешавад.

 

Барчасп