Август 04, 2017 17:02 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷии Қирғизистон роҳии Теҳрон шуд

Эрлан Абдуллоев, вазири умури хориҷии Қирғизистон барои ширкат дар маросими таҳлиф (савгандёдкунӣ)- и раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон озими Теҳрон шуд.

Вазири умури хориҷии Қирғизистон ба унвони фиристодаи вижаи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури ин кишвар ҳамроҳи ҳайати баландпояе имрӯз Бишкекро ба мақсади Теҳрон тарк кард.

Дар маросими таҳлифи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки фардо, асри шанбе дар Теҳрон баргузор мешавад, 92 ҳайати баландпояи хориҷию байналмилалӣ, шахсиятҳо ва масъулони кишварию лашкарии Эрон ҳузур доранд.

 

Барчасп