Ӯзбакистон ҳазинаи транзити маҳсулоти Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳанро коҳиш дод
(last modified 2017-08-12T05:50:38+00:00 )
Август 12, 2017 10:50 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон ҳазинаи транзити маҳсулоти Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳанро коҳиш дод

Ӯзбакистон барои ҳамлу нақли маҳсулоти Тоҷикистон аз хатҳои роҳи оҳани қаламрави худ 40 дарсад тахфиф муқаррар кардааст.

Ба гузориши “Спутник”, Даврон Деҳқонов, муовини ширкати “Ӯзбакистон темир-юллари” дар нишасти расонаӣ гуфтааст, ин ширкат дар ҳамкорӣ бо ширкати “Роҳи оҳани Ӯзбакистон” қимати интиқоли колоҳои Тоҷикистон аз масирҳои роҳи оҳани Ӯзбакистонро 40 дарсад арзон кардааст.

Деҳқонов бо ишора ба афзоиши раванди интиқоли бор байни кишварҳои ҳамсоя афзуд, ин ширкати ӯзбакистонӣ бо пайгирӣ ва баррасии ин раванд тасмим гирифтааст барои ширкатҳои ҳамлу нақли тоҷикистонӣ тахфифе дар назар бигирад.

Муовини ширкати “Ӯзбакистон темир юллари” таъкид кардааст, ҳамлу нақли маҳсулот ба Тоҷикистон аз гузаргоҳи Қудуқли дар вилояти Сурхондарё бидуни ҳеҷ таъхире сурат мегирад ва бино бар ин ниёзе барои сохти роҳи оҳани ҷадид нест.

Даврон Деҳқонов таъкид кард: “Бо ҳамкорони тоҷики худ равобити гарм ва қобили эътимоде дорем ва бо баргузории дидорҳои муназзам ҳама масоили марбут ба ҳамлу нақлро баррасӣ ва ҳаллу фасл мекунем.

 

Барчасп