Интиқоди раисиҷумҳури Узбакистон аз фишори неруҳои амниятӣ бар матбуот
(last modified Sat, 12 Aug 2017 14:28:29 GMT )
Август 12, 2017 19:28 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раисиҷумҳури Узбакистон аз фишори неруҳои амниятӣ бар матбуот

Раисиҷумҳури Узбакистон аз фишори нерӯҳои амниятӣ бар матбуоти ин кишвар интиқод кард.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дар ҷаласае бо ҳузури мақомоти амниятӣ бо интиқод аз фишори нерӯҳои амниятӣ бар матбуоти ин кишвар гуфт, ки нерӯҳои амниятӣ набояд рӯзноманигоронеро, ки матолиби интиқодӣ менависанд дар феҳристи сиёҳ қарор диҳанд.

Зиёев таъкид кард, ин рӯзноманигорон душманони кишвар нестанд, балки танҳо камбудиҳо ва навоқиси кишварро баён мекунанд.

Раисиҷумҳури Узбакистон ҳамчунин дар ин ҷаласа бо интиқод аз Иттиҳодияи ҷавонони ин кишвар, ки дар ҷаласаи ахири худ талош ба кашфи ҳиҷоб аз ширкаткунандагон кардаанд, хитоб ба масъулони ин иттиҳодия гуфт, дар сурати такрор бо мусаббибони нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони бархӯрди ҷиддӣ хоҳад кард.