Август 15, 2017 12:22 Asia/Dushanbe
  • Имзои асноди чандҷониба дар нишасти Шӯрои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Нишасти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар Остона бо имзои асноди чандҷониба ба поён расид.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Сагинтаев, нахуствазири Қазоқистон дар ин иҷлос, ки бо ҳузури нахуствазирони Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Русия ва раиси ҳайъатмудираи Комиссияи иқтисодии ин иттиҳод баргузор шуд, бо ишора ба раванди рӯ ба рушди мубодилоти тиҷорӣ дар чорчуби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо кишварҳои солис гуфт: Талошҳо дар заминаи эҷоди муҳити озод дар бозори дохилии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба манзури тавсеаи бештари равобит густариш хоҳад ёфт ва кишварҳои узви Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар ҳоли таҳияи барномае барои ҳалли беш аз 60 масъала ҳастанд .

Нахуствазири Қазоқистон бо ишора ба фаъолияти собити беш аз 8 ҳазор ширкати муштарак бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё гуфт: Ин шохиси хубе барои санҷиши раванди ҳамгароӣ аз сӯи маҳофили тиҷории кишварҳои узв аст.

Сагинтаев бо таъкид бар тавофуқи кишварҳои узви ин иттиҳод барои оғози раванди музокироти тиҷорати озод бо кишварҳои Эрон, Ҳинд ва Сингапур гуфт: Дар ин замина, барои эҷоди минтақаи тиҷорӣ бо Эрон баҳсу табодули назар сурат гирифта ва тасмим гирифта шудааст, иқдомот дар ин хусус тақвият шаванд .

Ширкаткунандагони ин иҷлос дар хусуси баргузории даври баъдии Иҷлоси Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар моҳи октябри оянда дар пойтахти Арманистон тавофуқ карданд .

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳамакнун аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст .

 

Барчасп