Август 23, 2017 15:14 Asia/Dushanbe
  • 100 миллион доллар қарзи бебозгашти Қазоқистон ба Қирғизистон

Қазоқистон бо ҳадафи кӯмак ба Қирғизистон барои ҳузури беҳтар дар Иттиҳоди АвруОсиё ба ин кишвар 100 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Алмоз Сазбаков, муовини вазири иқтисоди Қирғизистон ва Қанот Боедилов, муовини вазири дороии Қазоқистон дар чаҳорумин конфронси иқтисодӣ дар Иссик-Кӯл тавофуқномаи кӯмаки 100 миллиондолларии Остона ба Бишкекро имзо карданд.

 Ин кӯмаки бебозгашт барои пиёдасозии нақшаи роҳи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар назар гирифта шудааст.

 Муовини вазири дороии Қирғизистон дар поёни ин нишаст гуфт, Қазоқистон тарҳҳои умронӣ-иқтисодии Бишкекро таъмини молӣ хоҳад кард то ин кишвар битавонад бо шароити ҷадиди иқтисоди ҷаҳонӣ бештар созгор шавад.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамакнун аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.

Дар чорчӯби ин иттиҳодия, аъзо мувофиқати худро бо тараддуди озоди коло, сармоя, нерӯи кор ва хадамот дар марзҳои АвруОсиё эълом кардаанд.

Аъзои АвруОсиё ҳамчунин эълом кардаанд, ки сиёсати муштараке дар заминаи энержӣ, саноат, кишоварзӣ ва васоили нақлия хоҳанд дошт.

 

Барчасп