Август 25, 2017 12:03 Asia/Dushanbe
  • Қарзи бебозгашти Қазоқистон ба Қирғизистон

Қазоқистон бо ҳадафи кумак ба Қирғизистон барои ҳузури беҳтар дар Иттиҳоди Авруосиё, 100 миллион доллар кумаки билоиваз ба ин кишвар ихтисос дод.

Алмаз Сезбаков, муовини вазири дороии Қирғизистон ва Канат Бадилов, муовини вазири дороии Қазоқистон дар чаҳорумин конфронси иқтисодӣ дар Иссиқкӯл, тавофуқномаи кумаки 100 миллион долларии Остона ба Бишкекро имзо карданд.

Қарор аст, ин маблағ барои пиёдасозии нақшаи роҳ барои пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сарф шавад. Вазири дороии Қирғизистон гуфтааст, Қазоқистон тарҳҳои Бишкекро таъмини молӣ хоҳад кард, то иқтисоди Қирғизистон битавонад бо шароити ҷадиди иқтисоди ҷаҳонӣ бештар созгор шавад .

Аз бадви истиқлоли ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, Қирғизистон ва низ Тоҷикистон ба сабаби доштани иқтисоде заиф, ҳамчунон фақиртарини ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ ҳастанд ва тамҳидҳои раҳбарони Бишкеку Душанбе барои ҷаҳиши иқтисодӣ ва гурез аз сукуни ҳоким бар иқтисоди ин кишварҳо натавонистааст нақши таъинкунандае дар фирори Қирғизистону Тоҷикистон аз талаи дарёфти қарз барои кумак ба рушди иқтисодӣ ва эҳёи иқтисод дошта бошад .

Ин ду ҷумҳурӣ дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои минтақа барои иҷрои барномаҳои зерсохтии иқтисодӣ ва ҳаракат дар масири тавсеаи иқтисодӣ, дасти истиқроз ба сӯи ниҳодҳои пулӣ ва молии ҷаҳонӣ дароз кардаанд ва дар ин байн ҳатто кумакҳои молии адвории кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ низ натавонистааст чандон тафовуте миёни гузаштаи иқтисодӣ ва шароити ҷории ҳоким бар иқтисоди ду ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон эҷод кунад. Аз ин рӯ, Душанбеву Бишкек дар даври ботили истиқроз аз хориҷ асир шудаанд .

Акнун низ ихтисоси кумаки 100 миллион долларии Қазоқистон ба Бишкек барои кумак ба тавони иқтисодии Қирғизистон, барои ҳузури муассири ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё рақами таъсиргузоре нест, ки битавонад аҳдофи эътоии ин қарзро муҳаққақ кунад, аммо метавонад ба афзоиши ҷойгоҳи Қазоқистон дар муодилоти иқтисодии минтақаӣ кумак кунад.

Аз тарафе, Қазоқистон бо таваҷҷуҳ ба иқтисоди заифи Қирғизистон ва таъсири манфии ин вазъият бар муровидоти клуби иқтисодии Авруосиё, аз мухолифони сарсахти узвияти Қирғизистон дар Иттиҳоди гумрукӣ ва иқтисодии Авруосиё буд, аммо таъкиди Русия бар ҳузури Бишкек дар ин иттиҳод ва тааҳҳуди кишварҳои узв барои кумак ба иқтисоди кишварҳои довталаби узвият дар иттиҳод сабаб шуд, ки Остона аз мавзеи сахтгирона сарфиназар кунад .

Аз тарафи дигар бо тағйири раҳбарӣ дар Узбакистон ва сиёсати хориҷии ҷадиди Тошканд, ҳамкории Узбакистон бо дигар ҷумҳуриҳои минтақа назири Тоҷикистону Қирғизистон дастхуши тағйир шудааст.

Бино бар ин, Қазоқистон бо таваҷҷуҳ ба чархиши ҳоким бар сиёсати хориҷии Узбакистон, ки густариши муносиботи иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаро низ дар дастури кор қарор додааст, намехоҳад, аз рақобати суннатӣ бо Тошканд ақиб биафтад ва аз ин рӯ, ба рағми мухолифатҳои аввалияаш бо ҳузури Қирғизистон дар клуби иқтисодии Авруосиё, акнун қасди кумаки молӣ ба Қирғизистонро дорад, то ба унвони бозигари муассири минтақаӣ, дар рақобат бо Узбакистон барои ҳузур ва нуфуз дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя аз Тошканд ақиб наафтад. Ба кумаки 100 миллион долларии Қазоқистон ба Бишкек аз ҳамин зовия бояд нагирист .