Боздошти 50 узви ДИИШ дар Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i22190-Боздошти_50_узви_ДИИШ_дар_Узбакистон
50 узви гурӯҳи террористии ДИИШ пас аз бозгашт ба Узбакистон дар вилояти Самарқанд боздошт шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 25, 2017 11:20 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 50 узви ДИИШ дар Узбакистон

50 узви гурӯҳи террористии ДИИШ пас аз бозгашт ба Узбакистон дар вилояти Самарқанд боздошт шуд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва симо, ин афрод, ки таҳти таъқиби мақомоти додгоҳӣ қарор доштанд, субҳи рӯзи ҷумъа дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Узбакистон ба иттиҳоми иртибот бо гурӯҳи террористии ДИИШ боздошт шуданд. Мақомоти амниятии Узбакистон мегӯянд, ин афрод дар Русия барои аъзои ДИИШ кумакҳои моли ирсол мекарданд.

Дар солҳои ахир дар Узбакистон боздошти шаҳрвандон ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои октябру ноябри соли гузашта ва январи имсол низ беш аз 100 нафар дар Тошканд, пойтахти Узбакистон ва водии Фарғона ба иттиҳоми иртибот бо ДИИШ боздошт шуд.