Август 26, 2017 18:24 Asia/Dushanbe
  • Сафар Исҳоқов нахуствазири Қирғизистон шуд

Парлумони Қирғизистон бо аксарияти оро, Сафар Исҳоқовро барои моқоми нахуствазирии ин кишвар интихоб кард.

Бар асоси Қонуни асосии Қирғизистон эътилофи аксарияти намояндагон метавонад, барои мақоми нахуствазирӣ номзади худро пешниҳод кунад. Баъд аз ройзаниҳои сурат гирифта дар дохили эътилоф аксарияти парлумон, намояндагон эълом карданд, ки ба таври комил аз Исҳоқов барои мақоми нахуствазирӣ ҳимоят мекунанд.

Аз 102 намоянда, 97 раъйи мусбат ва 5 нафар раъйи манфӣ доданд.

Исҳоқов пас аз интихоби худ ба унвони нахуствазир, гуфт, аз шумо сипосгузорам, ки аз ман ҳимоят кардед, ин мавзӯъ барои аъзои давлат масъулияти бузурге аст.

Вай дар бораи барномаи худ бо унвон «40 қадам ба оянда» сӯҳбат карда ва афзуд, таъкиди аслӣ бар тавсеаи иқтисодӣ, амнияти иҷтимоӣ ва эҷоди шароити матлуб барои мардум хоҳад буд.

Исҳоқов идома дод, барномаи ҷадиди давлат дар чорчӯби санади тавсеаи роҳбурдии Қирғизистон, то сол 2040 омодааст ва ин барнома барои мушкилоти аслии Қирғизистон роҳи ҳалҳои худро дорад.

Исҳоқов ҷавонтарин нахуствазир дар таърихи ин кишвар, бо 40 сол син мебошад.