Дидори фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбакистону Русия
(last modified Sun, 27 Aug 2017 19:48:42 GMT )
Август 28, 2017 00:48 Asia/Dushanbe
  • Дидори фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбакистону Русия

Генарал Владимир Заруднитский, фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия ва генерал Шавкат Норматов, фармондеҳи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ӯзбакистон дар Тошканд дидор ва охирин авзои минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Заруднитский, фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия, ки дар раъси як ҳайати низомӣ ба Тошканд сафар карда, бо сарлашкар Шавкат Норматов дидор кард.

 Дар ин дидор мақомоти аршади низомии Ӯзбакистону Русия авзоии кунунии Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор додаву алоқамандии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобил эълом карданд.

 Дар ин дидор мувофиқат шуд то теъдоде аз мураббиёни нерӯҳои вижаи рус дар моҳи сентябр омӯзишҳои низомии хосро барои ҳамтоёни узбакистонӣ дар маркази омодагии кӯҳистоние дар ҷануби минтақаи Красноярски Русия баргузор кунанд.

 Тайи сафари як ҳафтаӣ низомиёни Ӯзбакистон дар тамриноти кӯҳистонӣ ширкату бо таҷҳизоти модерни низомии Русия ошно хоҳанд шуд.