Қаҳрамонии Ӯзбакистон дар мусобиқоти “CAFA-U 15” дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i22482-Қаҳрамонии_Ӯзбакистон_дар_мусобиқоти_cafa_u_15_дар_Тоҷикистон
Тими футболи духтарони зери 15 соли Ӯзбакистон бо пирӯзӣ баробари тими Эрон, ба унвони қаҳрамони мусобиқоти “CAFA-U 15” дар Тоҷикистон даст ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 30, 2017 15:09 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Ӯзбакистон дар мусобиқоти “CAFA-U 15” дар Тоҷикистон

Тими футболи духтарони зери 15 соли Ӯзбакистон бо пирӯзӣ баробари тими Эрон, ба унвони қаҳрамони мусобиқоти “CAFA-U 15” дар Тоҷикистон даст ёфт.

Ба гузориши Садои Хуросон, тими футболи духтарони зери 15 соли Ӯзбакистон шомгоҳи сешанбе баробари тими Эрон бо натиҷаи ду бар сифр ба пирӯзӣ расид.

Ба ин тартиб дар поёни ин давра аз мусобиқот тими Ӯзбакистон аввал шуд ва унвони дувумӣ ҳам ба тими духтарони зери 15 соли Эрон расид.

Тими Қирғизистон низ бо ғалаба бар Тоҷикистон севум шуд ва Тоҷикистон низ чаҳорум шуд.

Фотима Эҷодӣ, дарвозабонӣ тими Эрон низ беҳтарин дарвозабони ин мусобиқот муаррифӣ шуд.