Август 30, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Ӯзбакистон дар мусобиқоти “CAFA-U 15” дар Тоҷикистон

Тими футболи духтарони зери 15 соли Ӯзбакистон бо пирӯзӣ баробари тими Эрон, ба унвони қаҳрамони мусобиқоти “CAFA-U 15” дар Тоҷикистон даст ёфт.

Ба гузориши Садои Хуросон, тими футболи духтарони зери 15 соли Ӯзбакистон шомгоҳи сешанбе баробари тими Эрон бо натиҷаи ду бар сифр ба пирӯзӣ расид.

Ба ин тартиб дар поёни ин давра аз мусобиқот тими Ӯзбакистон аввал шуд ва унвони дувумӣ ҳам ба тими духтарони зери 15 соли Эрон расид.

Тими Қирғизистон низ бо ғалаба бар Тоҷикистон севум шуд ва Тоҷикистон низ чаҳорум шуд.

Фотима Эҷодӣ, дарвозабонӣ тими Эрон низ беҳтарин дарвозабони ин мусобиқот муаррифӣ шуд.