Ифтитоҳи бонки ураниюми Қазоқистон аз сӯйи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ
Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бонки ураниюми ғанишуда бо дарсади пойинро дар Қазоқистон ифтитоҳ кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, ин бонки ураниюми ғанишуда бо дарсади пойин ба арзиши 150 миллион доллар дар шаҳри Уст-Каменогорск (Оskemen)-и Қазоқистон ифтитоҳ шудааст.
Зарфияти захираи ин бонк дар маҷмуъ 90 тон сӯхти ҳастаӣ эълом шудааст ва ҳадафи аслӣ аз ифтитоҳи он, мамониат аз оғози ғанисозии ураниюм дар кишварҳое аст, ки то кунун санъати ҳастаӣ надоштаанд.
Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо интишори баёниае эълом кард, ин бонки ураниум ба унвони охирин механизм барои итминон додан ба кишварҳое аст, ки мехоҳанд ураниюми камро барои истифода дар нерӯгоҳи ҳастаӣ ба кор бубуранд.
Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин эълом кард, ки ба зудӣ кори хариди сӯхти ҳастаӣ аз кишварҳои тавлидкунандаро оғоз хоҳад кард.