Таъхир дар баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Тоҷикистон дар Тошканд
Баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Тоҷикистон як моҳ ба таъхир афтод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, пеш аз ин мақомоти тоҷик таърихи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Тоҷикистон дар Тошкандро моҳи сентябр эълом карда буданд, аммо акнун эълом шудааст, ки ин намоишгоҳ дар моҳи октябр баргузор хоҳад шуд.
Бо ин ҳол, бинобар гузориши ниҳодҳои марбут феҳристи ширкатҳо ва маҳсулоте, ки дар нахустин намоишгоҳи ин кишвар дар Тошканд ҳузур доранд, мушаххас шудаанд.
Интизор меравад, беш аз 70 ширкати санъатии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ масолеҳи сохтмонӣ, тавлидоти нассоҷӣ ва маъданӣ ва маҳсулоти кишоварзиро муаррифӣ кунанд.
Нахустин намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Узбакистон дар Душанбе дар нимаи дувуми моҳи апрели имсол бо ҳузури беш 160 ширкати ӯзбакистонӣ баргузор шуд ва чаҳор рӯз идома ёфт.
Тарафи ӯзбакистонӣ дар ин намоишгоҳ беш аз ҳазору 500 навъ маҳсулоти мухталифи санъатии худро дар бахшҳои санъати мошин, химия, нур, нассоҷӣ, барқ, атр, дору ва мебел муаррифӣ кард.