Машъали Бозиҳои осиёии дохили толори Ашқобод равшан шуд
Шӯъли Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размии “Ашқобод 2017”, дар майдони бузурги Галкиниш воқеъ дар ҷануби Туркманистон, тайи маросими бошукӯҳе равшан шуд.
Машъали панҷумин давраи Бозиҳои осиёӣ дохили толор ва ҳунарҳои размии «Ашқобод 2017», имрӯз дар майдони гази Галкиниш воқеъ дар ҷануби Туркманистон, тайи маросими бошукӯҳе равшан шуд.
Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ, дар таърихи 17 то 27 сентябри соли 2017 баробар бо шаҳривармоҳи соли 1396 дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд ва ин барои аввалин бор аст, ки 17 кумита миллии олимпии Уқёнусия ба ҳамроҳи 45 кумита миллии олимпии кишварҳои осиёӣ, аз ҷумла Эрон ва Тоҷикистон зери назари Шӯрои олимпии Осиё, тайи рӯйдоде, ки дар 21 риштаи варзишӣ баргузор хоҳад шуд, ҳузур меёбанд. Давлати Туркманистон барои мизбонӣ аз панҷумин давраи мусобиқоти Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размии соли 2017, як шаҳраки ҷадид олимпии модерн ва муҷаҳҳаз, ба арзиши беш аз 5 миллиард долларӣ эҳдос кард ва ин шаҳрак ҳамакунун омодаи баҳрабардорӣ аст.
Илова бар ин, давлати Туркманистон як фурудгоҳи байналмилалии ҷадид дар Ашқобод ба арзиши 2.2 миллиард доллар низ барои ин бозиҳо эҳдос кард.