Бузургтарин Оши Узбакистон дар Китоби Гиннес сабт шуд
Намояндагони китоби Гиннес рекорди бузургтарин Ош дар ҷаҳонро тавассути ошпазҳои Узбакистон ба сабт расонданд.
Беш аз 50 узбек оши рекордиро дар чорчӯби ҷашнвораи фарзанги мардумии O’zbegim дар зарфи 6 соат пухтанд. Барои пухтани ин оши рекордӣ дар як деги 7-тоннагӣ 1500 кило гӯшти гов, 400 кило гӯшти гӯсфанд, 220 кило равғани думбаи гӯсфанд, 1900 кило биринҷ, 2700 кило сабзӣ, 220 кило пиёз, 440 литр равғани растанӣ, 57 кило намак, 100 кило нахӯд, 190 кило мавиз, 5 кило зира, 2 кило мурчи сиёҳ, 1 кило куркума ва 350 литр обро истифода бурдаанд.
Ҷараёни пухтани оши бузургтаринро намояндагони расмии созмони “Guinness World Records” назорат мекарданд ва дар анҷом ба ошпазон шаҳодатномаи Китоби Рекордҳои Гиннесро супурданд.
Барои тамошо ва чашидани оши рекордӣ дар назди меҳмонхонаи "Узбекистон”, гулгашти Марказӣ ва Сайилгоҳ, ки дар байни мардум бо номи "Бродвей” маъруф аст, ҳазорон нафар аз сокинони Тошканд ва манотиқи дигар ҷамъ омаданд.
Оши рекордиро баъди сабти он дар Китоби рекордҳои Гиннес дар 14 нуқта дар маҳалли баргузории ҷашнвораи O’zbegim ба мардум тақсим карда, ҳамчунин дар чанд дег ба ятимхонаҳову хонаҳои кӯҳансолон, аз ҷумла ба "Муруват” ва "Саховат” бурданд.
Рӯзи 17 август дар шаҳри Олмалиқи вилояти Тошканд дар як дег ба таври озмоишӣ беш аз 6 тонна ош пухта буданд, ки бузургтарин рекорд дар таърихи Узбекистон дониста мешуд. Шабакаи телевизионии "Milliy” ("Миллӣ”)-и Узбекистон гуфт, мехоҳад рӯзи 8 сентябр дар ин дег дубора ва бо даъвати намояндагони Guinness World Records ош пазанд ва ин рекордро расман ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил кунанд.