Сентябр 09, 2017 21:24 Asia/Dushanbe
  • Вогузарии маркази тиҷории Эрон дар Хуҷанд ба Узбакистон

Бинои қаблии маркази тиҷории Эрон дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистон ба Узбакистон вогузар шудааст.

Ба гузориши “Топ Тҷ”, фаъолияти ин марказ дар тобистони имсол  мутаваққиф шуда буд, ки акнун бинои он ба унвони Маркази тиҷории Узбакистон ба утоқи саноат ва бозаргонии ин кишвар вогузар шудааст.

Ғайрат Қобилов, мудири Утоқи саноат ва бозаргонии вилояти Суғд, гуфтааст, ки маркази тиҷории Узбакистон дар Хуҷанд ба унвони ниҳоди ҳамоҳангкунандаи фаъолитҳои тиҷории кишвари ҳамсоя дар шимоли Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Муомилоти тиҷории Узбакистон ва Тоҷикистон, тайи 2 даҳаи ахир ҳамвора бо фарозу нишебҳое ҳамроҳ буда, ки ба назар мерасад бо сиёсати беҳбуди равобити давлати Тошканд бо кишварҳои ҳамсоя тайи як соли ахир, рӯ ба густариш ниҳодааст. Зеро мизони муомилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакиситон аз 500 миллион доллар дар соли 2000 ба 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфт.

Аммо тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ин шохис ба 250 миллион доллар афзоиш ёфт, ки баёнгари рушди қобили мулоҳизаи муносиботи иқтисодӣ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Узбакистон аст.

Аз сӯи дигар бо вуҷуди ифттитоҳи гузаргоҳҳои марзӣ миёни Узбакистон ва Қирғизистон дар пайи сафари ахир Шавкат Мирзиёев ба Бишкек, аз11 исгоҳи бозрасӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистон танҳо яке дар марзи миёни ин ду кишвар дар вилояти Суғд фаъол мебошад.

Мирзиёев ҳамчунин дар тӯли наздик ба 10 моҳи фаъолияти худ ба унвони раисиҷумҳури Узбакистон, ду бор ба Қазоқистон, ду бор ба Туркманистон  ва якбор ба Қирғизистон сафар кардааст, ки дар бораи замон ва торихи дидори вай аз Тоҷикистон, ҳанӯз иттилои дақиқе дар даст нест.