Поёни хушунат дар Миёнмор хости сарони кишварҳои исломӣ дар Остона
Сарони кишварҳои исломӣ дар баёнияе бар зарурати поён бахшидан ба хушунатҳо, ирсоли кумакҳои инсондӯстона ва ҳамчунин расидагӣ ба вазъи оворагони мусулмони миёнморӣ, таъкид карданд.
Ба гузориши ИРНА, сарони кишварҳои исломии ҳозир дар нишасти илм ва фанноварии Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Остонаи Қазоқистон, зимни ибрози нигаронии шадид аз ҷиноёт ва хушунатҳои давлати Миёнмор алайҳи мусулмонони бепаноҳи Руҳингиё, таваққуфи фаврии ҳамлаи артиши Миёнмор ба мусулмонони ин минтақа хостор шуданд.
Сарони ҳозир дар иҷлоси Остона ҳамчунин бар зарурати созмонедеҳии ҷамъӣ ва ҳамкории кишварҳои исломӣ барои ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба осебдидагон ва оворагони миёнморӣ таъкид карданд.
Куштори мусулмонон Руҳингиё аз сӯи давлат ва буддоиёни ифротии Миёнмор бо мавҷе аз хашму эътироз дар кишварҳои мухталифи исломӣ, рӯба рӯ шудааст.
Аз рӯзи (ҷумъа 25 август) токунун дар пайи ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони Руҳингиё, беш аз чаҳорсад нафар кушта шудаанд, аммо бархе манобеъ ин теъдодро то ҳазор нафар зикр кардаанд.