Отахонов нарасида боздошт шуд
Полиси Узбакистон рӯзи чаҳоршанбе як нависандаи мухолифи давлатро пас аз бозгашт ба кишвар боздошт кард.
Ба нақл аз Ройтерс, Гулнора Отахонова, ҳамсари Нуруллоҳ Отахонов, мутахаллис ба Муҳаммад Рауфхон, нависандаи 63 солаи узбак, дар тамосе телефонӣ аз Тошканд гуфтааст, ки ҳамсараш пас аз бозгашт аз Туркия ба дасти полиси Узбакистон боздошт ва ба посгоҳи полис мунтақил шудааст .
Вай гуфтааст: “Маъмурони полис ба ҳамсарам дастбанд заданду гуфтанд, ки ӯро ба посгоҳ мунтақил кардаанд. Онҳо далели ин боздошто эълом накарданд ва иҷоза ҳам надоданд, ки бо ӯ суҳбат кунам”.
Давлати Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон, ин нависандаи мухолифро соли 2016 дар феҳристи сиёҳи амният қарор дода буд, зеро ӯ китоби “Ин Рӯзҳо”-ро дар сарзаниши Каримов навишта буд .
Ин иқдом боис шуд, то ин нависанда дар табъиде худхоста ба Туркия биравад .
Шавкат Мирзиёев, ҷонишини Ислом Каримов, моҳи гузашта дастур дод, 16 ҳазор нафар аз мухолифон ва дигарандешони узбак, ки номи онҳо дар феҳристи сиёҳи амниятии Узбакистон қарор дошт, аз ин феҳрист хориҷ шаванд .
Раисҷумҳури Узбакистон ваъда дода буд, паноҳандагоне, ки ба ин кишвар бозгарданд, аз ҳамаи ҳуқуқи худ бархурдор шаванд .