Сентябр 28, 2017 12:54 Asia/Dushanbe
  • Дархости паноҳандагии шаҳрвандони Туркия аз Қазоқистон

Ду шаҳрванди Туркия аз мақомоти Қазоқистон дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Ба гузориши сомонаи русизабони “Фарғона.ру”, ин ду нафар ба номҳои Дамирил Усмон ва Олтинтош Исо, аз муаллимони литсейи муштараки қазоқи- туркӣ ҳастанд.

Ҳукумати Туркия муътақид аст, ин литсейҳо аз сӯйи Фатҳуллоҳ Гюлен, сиёсатмадор ва сармоядори мухолифи ҳукумати кунунии Туркия, ки дар Амрико ба сар мебарад, идора мешаванд.

 Алибек Самоилов, аз шогирдони пешини ин ду муаллими турк, ки худ раиси як ширкати мушовираи ҳуқуқӣ аст, муддаӣ шудааст, ки маъмурони Хадамоти муҳоҷират ва Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба Дамирил Усмон ва Олтинтош Исо ва аъзои хонаводаашон фишор оварда ва аз онҳо хостаанд Қазоқистонро тарк кунанд.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 14-уми сентябр дар як конфронси матбуотӣ гуфта буд, ки Раҷаб  Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия борҳо истирдоди коркунони литсейи муштараки Қазоқистон ва Туркияро хостор шудааст.

 

Барчасп