Омодагӣ ба баргузории нахустин намоишгоҳи санъатии Тоҷикистон дар Узбакистон
Мақомоти тоҷик ва узбак аз омодагӣ ба баргузории нахустин намоишгоҳи санъатии Тоҷикистон дар Узбакистон, хабар доданд.
Ба гузориши сомонаи “CA News”, ин намоишгоҳ рӯзҳои 11 то 14 октябр дар пойтахти Узбакистон баргузор хоҳад шуд.
Беш аз 130 ширкат тоҷикистонӣ маҳсулоти худро дар намоишгоҳи Тошканд муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар ин намоишгоҳ боздидкунандагон бо охирин дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши маводи сохтумонӣ, маҳсулоти санъат, маъдан, мошинсозӣ, саноати сабук ва бисёре мавориди дигар ошно хоҳанд шуд.
Тавофуқ дар мавриди баргузории намоишгоҳи санъатии Тоҷикистон дар Узбакистон дар поёни соли 2016 ва ҳамзамон бо баргузории ҷаласаи Комиссияи байни давлатии тиҷорат ва ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе ҳосил шуд.
Намоишгоҳи колоҳои санъатии Узбакистон дар Душанбе рӯзҳои 17 то 20 апрели имсол баргузор шуд ва беш аз 160 тавлидкунандаи узбак, маҳсулоти худро дар он арза карданд.
Дар ин намоишгоҳ, намояндагони маҳофили тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон 20 қарордод ба арзиши 35 миллион доллар имзо карданд.