Суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон
Октябр 04, 2017 08:08 Asia/Dushanbe
Мақомоти Қазоқистон эълом карданд, бар асари суқути ҳавопаймо дар ин кишвар панҷ тан кушта шуданд.
Ба гузориши “Асошейтед Пресс”, Вазорати беҳдошти Қазоқистон дар баёнияе эълом кард, як ҳавопаймо рӯзи сешанбе бо панҷ хадама ва мусофир андаке пас аз парвоз аз фурудгоҳи Алмаато, дар наздикии ин шаҳр суқут кард.
Бар асари ин сониҳа ҳар панҷ сарнишини ин ҳавопаймо кушта шуданд.
Иллати ин ҳодиса ҳанӯз эълом нашудааст.
Барчасп