Тошканд мизбони нахустин намоишгоҳи маҳсулоти Тоҷикистон
Дар нахустин намоишгоҳи молу колоҳои саноатии Тоҷикистон дар Ӯзбакистон 120 ширкат маҳсулоти худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Ба гузориши “Спутник”, дар ин намоишгоҳ, ки то 14 –уми октябр барпост, беш аз 120 ширкат дар ҳавзаи масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти саноатӣ ва маъдан, мошинсозӣ, нах, порча, пӯст, фаршу фаровардаҳои ғизоӣ колоҳои худро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Ҳамчунин ширкатҳои тоҷикиву ӯзбакӣ дар нахустин рӯзи ин намоишгоҳ қарордодҳое ба арзиши 20 миллион доллар имзо карданд.
Файзиддин Қаҳҳоров, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нишасти бозаргонони тоҷику ӯзбак дар Тошканд гуфт: “Мо дар гардиши коло миёни ду кишвари ҳамсоя пешрафтҳои мусбатеро мушоҳида мекунем”.
Вай ҳузури пуршӯри ҳайатҳои тиҷории ду кишварро дар ин нишаст барои афзоиши додуситадҳои тиҷорӣ дар оянда дилгармкунанда хонду гуфт, ду кишвари дӯст метавонанд ҳамкориҳоро дар заминаҳои кишоварзӣ, саноати ғизоӣ, наху порча ва масолеҳи сохтмонӣ, ҳамлу нақл ва мошинсозӣ густариш диҳанд.
Адҳам Икромов, раиси Утоқи саноат ва бозаргонии Ӯзбакистон низ дар нишасти бозаргонони тоҷику ӯзбак дар Тошканд гуфт: “Ҳарчанд мо барои омодагӣ ва баргузории ин намоишгоҳ замони каме дар ихтиёр доштем, вале ин оғози пӯёӣ дар равобити миёни ду кишвар аст”.
Дар поёни кори ин нишаст тоҷирони утоқҳои бозаргонӣ ва саноати ду кишвар тавофуқномаи бунёди шӯрои тиҷориро имзо карданд.
Гардиши молу коло миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар соли 2016 нисбат ба соли қабл аз он, ҳудуди 17, 8 дарсад рушд кардаву 197 миллион долларро ташкил додааст.
Дар нуҳ моҳи ибтидои соли 2017 ин рақам ба 178, 2 миллион доллар расида, ки 25, 5 дарсад рушдро нишон медиҳад.