Октябр 15, 2017 19:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони дифои Тоҷикистону Узбакистон

Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ва Абдусалом Азизов, вазири дифои Узбакистон дар чорчӯби иҷлоси Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор тарафайн дурнамои ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии ду кишварро баррасӣ ва бар густариши равобити байни Душанбе ва Тошканд таъкид карданд. Вазирони дифои Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин бо ишора ба вазъияти печида дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати ҳамкориҳо ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар гуна хатарот таъкид ва хостори муборизаи муштарак бо терроризми байналамилалӣ шуданд.

Шакке нест, ки ноамниҳо дар минтақа мӯҷиб шудааст, ки мақомҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе нишасти муштарак баргузор кунанд. Ин заруратҳо ҳамчунин заминаҳои лозим барои дидори вазирони дифои Узбакистон ва Тоҷикистонро фароҳам кардааст. Ба ҳар ҳол, дидори вазирони дифои Узбакистон ва Тоҷикистон барои ҳарду кишвар ва барои ҳамаи Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви ИДМ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Ҳарду кишвар аз мушкилоти ноамние, ки умдатан аз хориҷ аз ду кишвар ворид мешаванд, ранҷ мебаранд ва дар айни ҳол, ихтилофҳои марзӣ бар муносиботи ду кишвари ҳамсоя соя афкандааст. Дар бархе аз маворид ихтилофи нерӯҳои марзии ду кишвар то остонаи даргириҳо кашида мешавад, аммо танишҳои ду кишвар бо миёнҷигариҳои Русия ва дигар кишварҳои ҳамсоя ба сурати муваққат хотима меёбад. Дар ин шароит дидори вазирони дифои Узбакистон ва Тоҷикистон метавонад марҳаме бар дарди миллатҳои ду кишвар бошад. Зеро интизор меравад, ин дидор ва дидорҳои мушобеҳ баҳонае шавад, то аз танишҳои ояндаи ду кишвар коста шавад. Дар айни ҳол ба рағми шароити печидаи ҷорӣ ва вуҷуди таҳдидҳои мутааддид дар минтақаи Осиёи Марказӣ чунин ба назар мерасад, ки сиёсатмадорони ҳоким бар Осиёи Марказӣ ба ҷойи ҳамгироӣ ба вогароӣ тамоили бештаре аз худ нишон медиҳанд. Дар ин замина бархе соҳибназарон нухбагони сиёсии манфиатталаби ҳоким бар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро монеи аслии ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ қаламдод мекарданд. Ба унвони мисол, Талъат Тасмагамбетов, як коршиноси сиёсии фаъол дар Қазоқистон гуфт, бо вуҷуди авзои ногувори иқтисодӣ ва ташдиди ихтилофҳо бар сари истифода аз манобеи обу энержии муштарак дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳокимони ин кишварҳо манофеи шахсию гурӯҳии худро бар манофеи миллатҳояшон тарҷеҳ медиҳанд ва ба ҷойи иттиҳоду ҳамгироӣ бо иқдомоте назири қатъи Шабакаи барқи саросарии минтақа ба якдигар фишор меоранд.

Бо вуҷуди ин муқаррар шудааст, Тоҷикистон дар соли 2018 раёсати ИДМ-ро дар ихтиёр бигирад. Узбакистон низ дар соли 2020 ҳамин нақшро ба уҳда хоҳад гирифт. Ба далели аҳамияти кишваре, ки раёсати ИДМ-ро дар ихтиёр мегирад, бадеҳист, ки ду кишвар аз ихтилофҳои мавҷуд хоҳанд кост. Бавижа мавзӯи амният ва ҳамгироии низомию сиёсӣ барои ҷумҳуриҳои узви ИДМ авлавият хоҳад дошт. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳо бояд дидори ахири вазирони дифои Узбакистону Тоҷикистонро барои ҳарду кишвар ва миллатҳои минтақа ҳоизи аҳамият қаламдод кард.