Октябр 15, 2017 19:31 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ дар Қирғизистон ба фаъолият мепардозад

Зоҳиран гурӯҳи террористии ДИИШ пас аз шикастҳои пай дар пай, ба кишварҳое монанди Тоҷикистон ва Қирғизистон паноҳ бурда ва ба дунболи анҷоми фаъолиятҳои бештар дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Хабаргузории “Deutsche Welle”-и Олмон дар гузорише ба фаъолияти густардаи ДИИШ дар Қирғизистон пардохта ва овардааст, ДИИШ дар Қирғизистон бекор нанишаста ва ёргирӣ мекунад .

Дар Бишкек тақрибан ҳама дар ин бора суҳбат мекунанд, ҷуз сиёсатмадорон .

Имрӯз дар Қирғизистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад.

Аммо мавзуи терроризм, ҷузъи барномаи номзадҳои раёсатҷумҳурӣ нест ва ба ин масъала бетаваҷҷуҳӣ мешавад .

Сервиси амниятии Қирғизистон баъд аз инфиҷори бомб дар метрои Санкт-Петербурги Русия, мураттаб афродеро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ дастгир мекунад. Номи Қирғизистон пас аз ин инфиҷор, дар расонаҳои байналмилалӣ дар иртибот бо ДИИШ бештар матраҳ шудааст .

Дар инфиҷори метрои Санкт-Петербург (3 апрел) дастикам 10 нафар кушта ва 20 тан маҷрӯҳ шуданд. Омили инфиҷор сареъ пайдо шуд. Як шабакаи террор аз ҷавонони муҳоҷири коргари қирғизи муқими Русия, омили ин инфиҷор буд .

Элмира Ногойбаева, коршиноси сиёсии муқими Бишкек мегӯяд, мавзуи ёргирии ДИИШ дар Қирғизистон, чеҳраи ин кишварро дар ҷаҳон хадшадор кардааст. Ба гуфтаи ин коршинос, Қирғизистон дар соли гузашта рушду тавсеаи хубе доштааст. Ин кишвари 6 миллионӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони "биҳишти демократия" шинохта мешавад .

Ба далели инки Қирғизистон як ҷомеаи боз дорад, нерӯҳои ифротгаро аз кишварҳои ҳамсояи Узбакистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба ин кишвар ҳуҷум овардаанд .