Октябр 17, 2017 14:08 Asia/Dushanbe
  • Боздиди раисҷумҳури Чеченистон аз оромгоҳи рӯҳонии маъруфи узбак

Раисҷумҳури Чеченистон, ки барои сафари расмӣ, ба даъвати раисҷумҳури Узбакистон дар ин кишвар ҳузур дорад, аз оромгоҳи Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, рӯҳонии маъруф ва фақиди узбак боздид кард.

Рамазон Қодиров дар сафҳаи “Инстограм”-и худ аз Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф ба унвони дӯсти хонаводагии падари хеш Аҳмад Қодиров, рисҷумҳури фақиди Чеченистон ёд кард.

Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, ки дар гузашта муфтии мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Узбакистон буд, дар даврони ҳукумати Ислом Каримов муддати тӯлонӣ дар табъид ба сар бурд ва пас аз бозгашт ба кишвараш дар соли 2015 даргузашт. Шайх Муҳаммадюсуф аз матраҳтарин чеҳраҳои рӯҳонӣ дар шӯравии собиқ буд ва барои эҳёи дини мубини Ислом дар ин маҳдудаи ҷуғрофиёӣ иқдомоти фаровоне анҷом дод.

Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон ҳамчунин рӯзи душанбе аз Донишгоҳи исломии Имом Бухорӣ дар Тошканд дидан кард. Ин донишгоҳ бузургтарин маркази омӯзиши динӣ дар кишварҳои шӯравии собиқ аст. Аҳмад Қодиров, раисҷумҳури фақиди Чеченистон ва Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф донишомӯхтаи ин донишгоҳ буданд.