Октябр 23, 2017 11:20 Asia/Dushanbe
  • Сиёсати раиси ҷумҳурии ҷадиди Қирғизистон дар қиболи Тоҷикистон

Аксар аз коршиносони масоили Осиёи Марказӣ муътақиданд, дар даврони раёсати ҷумҳурии Сооронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳурии ҷадиди Қирғизистон равобити миёни ин кишвар ва Тоҷикистон беҳбуд хоҳад ёфт.

Ба гузориши “Спутник”, Андрей Грозин, корманди аршади Пажӯҳишгоҳи умури Ҷомеаи Ҳамсуд дар Маскав мегӯяд, Сооронбой Жеенбеков сиёсати раиси ҷумҳурии қаблии Қирғизистонро, ки мубтанӣ бар густариши равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон буд, идома хоҳад дод.

Вай таъкид мекунад, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Сооронбой Жеенбеков бар Қирғизистон, талош хоҳад шуд, ки масоили аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон, ки дар 20 соли гузаштаи 520 километр аз 720 километри он таъйини хутут шудааст, ҳаллу фасл гардад.

Владимир Евсеев, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи умури Ҷомеаи Ҳамсуд дар Маскав низ муътақид аст, ки дар даврони раёсати ҷумҳурии Сооронбой Жеенбеков сиёсати коҳиши ихтилофи Қирғизистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон бар сари аломатгузории марзи муштараки ду кишвар идома хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Евсеев, барои Тоҷикистон ва Қирғизистон расидан ба тавофуқи ниҳоӣ бар сари аломатгузории марзи муштарак аз аҳамияти зиёде, аз ҷумла дар густариши равобити иқтисодиву тиҷорӣ бархӯрдор аст, зеро Тоҷикистон имрӯз аз Қирғизистон сӯхти мавриди ниёзи худро ворид мекунад ва маҳсулоти кишоварзиву боғии худро тавассути қаламрави Қирғизистон ба Қазоқистон ва Русия интиқол медиҳад.