Интихоби раиси ҷадиди Маҷлиси миллии Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i24942-Интихоби_раиси_ҷадиди_Маҷлиси_миллии_Қирғизистон
Намояндагони маҷлиси Қирғизистон Дастонбек Ҷумъабековро ба унвони раиси ҷадиди Маҷлиси миллии ин кишвар интихоб карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 26, 2017 12:36 Asia/Dushanbe
  • Интихоби раиси ҷадиди Маҷлиси миллии Қирғизистон

Намояндагони маҷлиси Қирғизистон Дастонбек Ҷумъабековро ба унвони раиси ҷадиди Маҷлиси миллии ин кишвар интихоб карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Дастонбек Ҷумъабек‌ов ба таври расмӣ ҳидояти фаъолияти маҷлис ва 120 намояндаро бар ӯҳда мегирад.

Интихоби раиси Маҷлиси миллии Қирғизистон дар ҳоле анҷом шуд, ки Чинибой Турсунбеков, раиси қаблии Маҷлиси миллии Қирғизистон субҳи дирӯз истеъфо дод.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки Қирғизистон дар ҳоли сохти системаи ҳукумати парлумонӣ аст ва аз ибтидои соли оянда ихтиёроти раиси ҷумҳур ба таври ҷиддӣ каср хоҳад шуд, нақши раиси парлумон дар сиёсати ин кишвар пурранг мешавад.