Афзоиши ҳамкориҳои Туркия ва Узбакистон
Раисони ҷумҳури Узбакистону Туркия дар Анкара бар афзоиши ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, дар дидори Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Анкара, ҳамчунин 20 санади ҳамкорӣ бо ҳузури мақомоти ду кишвар дар заминаҳои дифоъ, тиҷорат, санъат, ҳамлу нақл, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ имзо шуд .
Мирзиёев ва Эрдуғон дар ин дидор густариши беш аз пеши ҳамкориҳои Узбакистону Туркияро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақлӣ ва дигар ҳавзаҳо баррасӣ карданд .
Дутараф ҳамчунин бар аҳаммияти тавсеаи беш аз пеши равобит дар чорчуби сохторҳои дуҷониба ва чандҷониба дар заминаи мубориза бо терроризму ифротгарӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷароими фаромиллӣ ва дигар таҳдидоти рӯз хостор шуданд .
Раисҷумҳури Туркия дар Конфронси муштараки хабарӣ бо Мирзиёев низ дидор бо ҳамтоии узбаки худро, ки нахустин дидор дар сатҳи сарони ду кишвар дар 20 соли ахир буд, бисёр муҳим ва пурмаъно арзёбӣ кард .
Туркия истиқлоли Узбакистонро дар торихи 16 декабри 1991 ба расмият шинохт .