Ноябр 01, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрванди Ӯзбакистон омили куштор дар Ню-Йорк

Манобеи сиёсиву хабарии Амрико омили куштори рӯзи гузаштаи Ню- Йорки Амрикоро як шаҳрванди зодаи Ӯзбакистон эълом карданд.

Ба гузориши шабакаи Эн Би Си, ҳуввияти ин фард Сайфуллоҳ Соипов зикр шудааст, ки соли 2010 аз Ӯзбакистон вориди Амрико шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ Сайфуллоҳ Соипови 29 сола рӯзи гузашта дар иқдоме ҷунуномез бо мошини боркаш шуморе аз пиёдаравонро дар минтақаи Манҳеттени Ню-Йорк бо мошин пахш кард, ки дар натиҷа 8 нафар ҷон бохтанд ва 11 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Мақомоти амрикоӣ аз ин иқдом ба унвони амалиёти террористӣ ном бардаанд.