Пахши дубораи садои азон аз баландгӯи масҷидҳо дар Ӯзбакистон
Мақомоти идораи умури мусалмонони Ӯзбакистон гуфтаанд, ба зудӣ имкони пахши дубораи садои азон аз баландгӯи масҷидҳо дар ин кишвар фароҳам хоҳад шуд.
Ба гузориши сайти Фарғона, Шайх Абдулазиз Мансур, муовини раиси Идораи умури мусалмонони Ӯзбакистон гуфт, ин ниҳод аз Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии ин кишвар дархост кардааст, ки муҷаввизи пахши дубораи садои азон аз баландгӯи масоҷидҳоро содир кунад.
Вай таъкид кард, пас аз нишасти аъзои Шӯрои идораи умури мусалмонони Ӯзбакистон, аз раиси ҷумҳурии ин кишвар дархост шуд, барои пахши дубораи садои азон аз баландгӯи масҷидҳо, доштани пӯшиши исломӣ барои бонувони мусалмон ва тадриси риштаи диншиносӣ дар мадрасаҳои давлатии ин кишвар муҷаввиз содир кунад, ки дар рӯзҳои оянда ин мавзӯот ҳал хоҳад шуд.
Дар Ӯзбакистон дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов, раҳбари пешини ин кишвар, пахши садои азон аз баландгӯи масҷидҳо, доштани ҳиҷоби исломӣ барои бонувони мусалмон, иқомаи намоз дар идорот ва тадриси диншиносӣ дар мадориси давлатии ин кишвар мамнуъ шуда буд.
Дар пайи ин иқдоми давлати Ӯзбакистон, мақомоти Тоҷикистон низ ба табаият аз ин сиёсат, ҳамаи ин маворидро дар мадориси давлатии ин кишвар мамнуъ карданд.