Ноябр 02, 2017 12:38 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Узбакистон барои таҳқиқот дар бораи ҳодисаи Манҳаттан

Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар паёме аз омодагии Тошканд барои кумак ба раванди таҳқиқоти ҳодисаи Манҳаттани Ню-Йорк хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Шавкат Мирзиёев дар паёме ба Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико зимни ибрози таассуф аз вуқӯи ҳодисаи Манҳаттан, аз кумакҳои ҳамаҷонибаи Тошканд дар раванди таҳқиқоти ин воқеа хабар дод.

Дар ҳодисаи сешанбешаби Манҳаттан бархурди як худрав бо чанд дучархасавор сабаби кушта шудани ҳашт тан ва захмӣ шудани 11 нафар шуд.

Гуфта мешавад, омили ин ҳодиса Сайфуллоҳ Саипов шаҳрванди Узбакистон буда, ки соли 2010 ба Амрико муҳоҷират кардааст.

Масъулони амрикоӣ бар террористӣ будани ин ҳодиса таъкид доранд.