Ноябр 08, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Ӯзбакистон омодаи муовизаи барқ бо Тоҷикистон шуд

Раиси ширкати давлатии барқи Ӯзбакистон эълом кард, ин кишвар бо барқарории дубораи хутути интиқоли барқ бо Тоҷикистон, омодагии муовизаи барқ бо ин ҷумҳурии ҳамсояро дорад.

Ба гузориши “Спутник”, Исо Саъдуллоев гуфт, барои азсаргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ дар қаламрави ин кишвар 4 хати 220 киловатт ва як хати 500 киловатт барои интиқоли барқ омода шудааст ва акнун Тоҷикистон бояд ба фикри муовизаи барқ бошад.

Вай таъкид кард, аз назари фаннӣ тамоми таҷҳизот омодаанд то муовизаи барқ миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон азсар гирифта шавад. Тошканд акнун мунтазири дарёфти посухи мақомоти Душанбе аст, зеро тарафи Тоҷикистон мутааҳҳид шудааст истгоҳҳои тақвиятӣ ва ҳифозат аз хутути интиқоли барқ миёни ин ду кишварро омода созад.

Қаблан мақомоти Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон таъкид карда буданд, дар сурати фароҳам шудани заминаи тавофуқ барои азсаргирии муҷаддади фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ, омода ҳастанд ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбакистон барқ содир кунанд.

Ҳомидҷон Орифов, дабири Кумитаи миллии Тоҷикистон дар умури садсозӣ мегӯяд, барои содироти изофаи тавлиди барқи ин кишвар ба Ӯзбакистон бояд 70 километр хутути тахрибшудаи интиқоли барқ дар дохили Ӯзбакистон бозсозӣ шавад.

Дар соли 2009 мақомоти Тошканд ин хутутро, ки аз ду тариқ барқи Тоҷикистонро ба Ӯзбакистон мунтақил мекард, тахриб карданд.

Ба гуфтаи коршиносон, бо барқарории дубораи фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон метавонад дар тобистон беш аз 3 миллиард киловатт соат барқи изофии худро ба кишварҳои ҳамсоя содир ва дар зимистон аз ин кишварҳо барқ дарёфт ва камбуди барқи дохилиро дар фасли сармо ҷуброн кунад.