Шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри феҳристи дарёфти раводиди сафар ба Ӯзбакистон
Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон эълом кардааст, ки дар 9 моҳи нахусти имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дар садри феҳристи дарёфти раводиди сафар ба Ӯзбакистон ҳастанд.
Ба гузориши сомонаи Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон, тайи ин муддат 55 ҳазору 938 маврид раводиди сафар барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯйи сафорати ин кишвар дар Душанбе содир шудааст, ки бештарин теъдод дар муқоиса бо атбои дигар кишварҳо ба ҳисоб меояд.
Вазорати умури хориҷаи Ӯзбакистон афзудааст, ки дар ин муддат дар сафоратҳо, консулгариҳо ва намояндагиҳои сиёсии ин кишвар дар хориҷ барои 308 ҳазору 879 нафар хадамоти мухталиф ироа шудааст.
Дар ин муддат сафоратҳои Ӯзбакистон дар Маскав, Ишқобод ва Остона барои сафари шаҳрвандони Русия 25 ҳазору 938 маврид, Туркманистон 17 ҳазор ва Қазоқистон 16 ҳазору 381 маврид раводиди сафар содир кардаанд.
Коршиносон далели афзоиши қобили мулоҳизаи тақозои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбакистонро беҳбуди равобити ин ду кишвари ҳамсоя эълом мекунанд.
Бо рӯйи кор омадани давлати ҷадид ба раёсати Шавкат Мирзиёев дар Тошканд нишонаҳое аз талош барои оддисозии муносиботи Душанбеву Тошканд мушоҳида мешавад.
Дар даврони раёсати ҷумҳурии Ислом Каримов дар Ӯзбакистон бо минакории марзҳо, ҷорӣ кардани низоми раводиду бастани 13 гузаргоҳи марзӣ бо Тоҷикистон, амалан имкони боздиди хешовандон дар ду тарафи марзҳои муштараки ин ду кишвари ҳамсоя вуҷуд надошт.