Ноябр 20, 2017 20:19 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон дорои камтарин таҳдидоти террористӣ дар ҷаҳон

Бар асоси гузориши солонаи муассисаи иқтисод ва сулҳ дар бораи шохиси ҷаҳонии терроризм, Узбакистон дар радаи кишварҳои дорои камтарин таҳдидоти террористӣ қарор дорад.

Бар асоси ин гузориш, Узбакистон дар радаи 125 қарор дорад .

Узбакистон дар муқоиса бо соли 2016 тавонистааст, ҷойгоҳи худро беҳбуд бахшад, зеро дар соли гузашта дар рутбаи 117 қарор дошт .

Дар ин радабандӣ кишваре, ки аз терроризм бештарин осебро дида мақоми аввалро аз они худ карда ва кишваре, ки дар ҷойгоҳи 130 қарор дорад, кишвари бидуни таҳдиди террористӣ маҳсуб мешавад .

Шохиси ҷаҳонии терроризм бар асоси 4 шохиси аслӣ аз ҷумла теъдоди ҳамалоти террористӣ, теъдоди куштаҳо, теъдоди маҷрӯҳон ва маҷмуи хисорати молии ҳамалоти террористӣ дар як соли муайянро баррасӣ мекунад .

Кишварҳои Ироқ, Афғонистон ва Нигерия аз кишварҳое ҳастанд, ки аз терроризм бештарин зарбаро хурдаанд .