Назарбоев: Ҷонишин надорам ва нигаронам
Раисҷумҳури Қазоқистон бо интиқод аз вогузор нашудани масъулиятҳо дар ин кишвар ба ҷавонон муддаӣ шуд, ки токунун фарди муносибе барои ҷонишинии ӯ пайдо нашудааст.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Нурсултон Назарбоеви 77 сола дар ҷаласаи ҳайъати давлати Қазоқистон гуфт: “Замоне, ки фарде ба дунболи ворис мегардад ва мефаҳмад, ки ҳеч фарде шоистагии ҷонишинии вайро надорад, нигарони оянда мешавад, ман ҳам дар ҳоли ҳозир ҳамин шароитро дорам”.
Назарбоев афзуд: Мутахассисони ҷавону омӯзишдидаи бисёре вуҷуд доранд, аммо кормандони қадимӣ арсаро барои онон боз намекунанд .
Нурсултон Назарбоев дар моҳи июни соли 1989 ба раёсатҷумҳурии Қазоқистон интихоб шуд ва токунун дар ин симмат боқӣ мондааст .
Вай дар 26 соли раёсатҷумҳурӣ аз тариқи ҳамапурсӣ ва тағйири Қонуни асосӣ, замони раёсати худро дар ин кишвар тамдид кард .
Охирин бор Назарбоев апрели имсол бо дарёфти 97.75 дарсади оро барои панҷумин бор раисҷумҳури Қазоқистон шуд .