Ноябр 22, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар тавсеаи маъданҳои тиллои Узбакистон

Кореяи Ҷанубӣ ва Узбакистон дар бораи иҷрои таҳқиқоти заминшиносӣ, тавсеаи чаҳор маъдани тилло ва сармоягузории ширкатҳои кореяӣ дар ин кишвар ба тавофуқ расиданд.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии узбакистонии Podrobno, як манбаъ дар ҳайъати давлати ин кишвар эълом кард, дар марҳалаи нахусти иҷрои ин тарҳ 10 миллион доллар сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ барои анҷоми таҳқиқоти заминшиносӣ дар ин маъданҳо пешбинӣ шудааст .

Ҳамчунин ду кишвар ҳамкорӣ дар чорчуби иҷрои тарҳи тавсеаи маъдани Тангстан Саутбой дар иёлоти Навоии Узбакистонро бо паймонкории ширкати Shindong Resources-и Кореяи Ҷанубӣ идома медиҳанд .

Дар ин тавофуқнома барномарезӣ шудааст, дар солҳои 2018 ва 2019 ҳаҷми тавлиди маводи хом дар ин маъдан афзоиш ёбад .

Узбакистон ҳамчунин дар бораи густариши ҳамкорӣ бо ширкати Hanjin D&B-и Кореяи Ҷанубӣ барои афзоиши зарфияти тавлиди дастгоҳҳои пешрафтаи ҳаффории ҳидролик ба 15 воҳид барои модерн кардани ҳавзаҳои саноеи заминшиносӣ ва нафту газ ба тавофуқ расидааст .

Барои афзоиши маҳоратҳои ҳирфаии коркунон дар ҳавзаи заминшиносӣ низ тавофуқномаи ҳамкории илмӣ ва фаннии Узбакистон бо Донишгоҳи Чунами Кореяи Ҷанубӣ имзо шудааст, ки бар асоси он, устодони ин донишгоҳ давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва миёнмуддат дар Узбакистон доир хоҳанд кард .