Ноябр 25, 2017 21:45 Asia/Dushanbe
  • Камобӣ чолиши бузурги Осиёи Марказӣ дар оянда

Комиссияи байнидавлатии мудирияти манобеи обии Осиёи Марказӣ дар гузориши ахир худ, аз эҳтимоли камбуди 25 дарсадии манобеи обӣ дар ин минтақа хабар дод.

Саронаи масрафи об дар Осиёи Марказӣ, ки дар ҳоли ҳозир барои ҳар нафар дар сол, 2.1 ҳазор метр мукааб аст, то сол 2040 милодӣ ба 1.5 ё 1.7 ҳазор метри мукааб барои ҳар нафар дар сол коҳиш пайдо мекунад.

Яке аз далоили камбуди об дар ин минтақа, афзоиши масрафи манобеи обии баҳри Арал, дар натиҷиа рушди ҷамъият ва иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ унвон шудааст.

Афзоиши масрафи об дар Афғонистон метавонад, рӯдхонаи Омуро бо вазъияти буҳронӣ рӯбарӯ созад.

Коршиносони ин ҳавза мӯътақиданд, замони беҳбуди вазъияти ҳуқуқи Комиссияи байнидавлатии мудирияти манобеи обии Осиёи Марказӣ фаро расида ва адами ҳузури намояндагони ҳавзаи энержӣ ва созмонҳои муҳити зист асарбахшии комиссияи мазкурро тазъиф мекунад.

Абзорҳои аслӣ барои беҳбуди манобеи обӣ дар минтақа, тахсиси манобеи молӣ, арзёбии дақиқ ва ҳамчунин тақвияти контрол ва назорат бар ин манобеъ мебошанд.

Истифодаи беш аз ҳадди об дар кишварҳои болодаст ва эҳдоси махозин тавассути кишварҳои поёндаст, дар ҳоли ҳозир мунҷар ба хушк шудани баҳри Арал шудааст.

Дар январи соли 1993 Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон сандуқи байналмилалии наҷоти баҳри Аралро таъсис карданд ва аз декабри соли 2008, сандуқи мазкур дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба унвони нозир фаъолият мекунад.