Нашри маҷмӯаи фатвоҳо алайҳи ДИИШ дар Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i2623-Нашри_маҷмӯаи_фатвоҳо_алайҳи_ДИИШ_дар_Узбакистон
Раёсати идораи муфтиёти ҷумҳурии Узбакистон маҷмӯаи "Фатвоҳои уламои ҷаҳони Ислом" алайҳи ДИИШ-ро мунташир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 19, 2016 16:13 Asia/Dushanbe
  • Нашри маҷмӯаи фатвоҳо алайҳи ДИИШ дар Узбакистон

Раёсати идораи муфтиёти ҷумҳурии Узбакистон маҷмӯаи "Фатвоҳои уламои ҷаҳони Ислом" алайҳи ДИИШ-ро мунташир кард.

Ба гузориши "Озодагон", Кумитаи умури дини Узбакистон эълом кард, дар ин маҷмӯа фатвоҳои донишмандони мусулмон алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ гирдоварӣ шудааст.

Ин кумита ҳадаф аз интишори маҷмӯаи даъвати уламои ҷаҳони Исломро огоҳ сохтани мардум аз Исломи ноб унвон кардааст.

Кумитаи умури дини Узбакистон таъкид кардааст, дар ин маҷмӯа фатвоҳо ва мавзеъгириҳои зидди гурӯҳи террористӣ дар Ховари миёна, ки қасд доранд ба номи Ислом ба ифротгароӣ ва терроризм даст бизананд, гирдоварӣ шудааст.

Ҳузури шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марказҳои буҳрон дар Ховари миёна ба муҳимтарин ҷолиши ин кишварҳо табдил шудааст ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мекӯшанд монеъ аз ҳузури шаҳрвандони худ дар Ироқ ва Сурия шаванд.