Талоши қирғизҳо барои эҳёи суннатҳои қадим
Як маросими фарҳангӣ дар қолаби маҷмуаи иқдомоти «соли имон, ахлоқ ва маданият» бо ҳузури намояндагони ҳавзаи ҳунари ин кишвар дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.
Маросими фарҳангии «Киз 2017» дар қолаби маҷмуаи иқдомоти «соли имон, ахлоқ ва маданият» бо ҳузури намояндагони ҳавзаи ҳунари ин кишвар, дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин маросим ришсафедон ва бузургони кишвар насли ҷавонро бо одоб ва русуми қадимии мардуми Қирғизистон ошно карданд.
Ҳозирин дар ин маросим равишҳои мухталифи сохти хона, либос ва абзорҳои мусиқии суннатии Қирғизистонро тамошо карданд.
Ин дар ҳоле аст, ки давлати ҷумҳурии Қирғизистон дар солҳои ахир ба таърих, фарҳанг ва суннати миллии таваҷҷуҳи бештаре мекунад ва бо баргузории маросимҳои варзишӣ ва фарҳангӣ талош дорад, кишвари худро ба унвони маркази тамаддуни ашоирӣ муаррифӣ кунад.