Поёни таниши марзии Қирғизистону Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i26349-Поёни_таниши_марзии_Қирғизистону_Қазоқистон
Таниши марзии Қирғизистону Қазоқистон бо имзои як тавофуқнома ва нақшаи роҳи ҳамкорӣ миёни муовинони аввали нахуствазирони ду кишвар поён ёфт. Ин тавофуқнома дар ҷараёни сафари Толконбек Абдуқулов, муовини аввали нахуствазири Қирғизистон ба Остона миёни ӯ ва Аскар Мамин, муовини нахуствазири Қазоқистон имзо шуд. Бар асоси ин тавофуқнома, гузаргоҳҳои марзии ду кишвар аз рӯзи якшанбе, сеюми ноябр дар ҳолати оддӣ фаъолият мекунанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 04, 2017 15:24 Asia/Dushanbe
  • Поёни таниши марзии Қирғизистону Қазоқистон

Таниши марзии Қирғизистону Қазоқистон бо имзои як тавофуқнома ва нақшаи роҳи ҳамкорӣ миёни муовинони аввали нахуствазирони ду кишвар поён ёфт. Ин тавофуқнома дар ҷараёни сафари Толконбек Абдуқулов, муовини аввали нахуствазири Қирғизистон ба Остона миёни ӯ ва Аскар Мамин, муовини нахуствазири Қазоқистон имзо шуд. Бар асоси ин тавофуқнома, гузаргоҳҳои марзии ду кишвар аз рӯзи якшанбе, сеюми ноябр дар ҳолати оддӣ фаъолият мекунанд.

Сафари муовини аввали нахуствазири Қирғизистон ба Остона дар пайи дидору музокираи Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури ҷадиди Қирғизистон бо Нурсултон Назарбоев, ҳамтои қазоқи худ дар ҳошияи иҷлоси ахири сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Минск сурат гирифт.

Таниш дар равобити Қазоқистону Қирғизистон собиқаи дерина дорад, вале ин таниш дар моҳи гузашта ташдид шуда буд. Ба гунае ки 10 октябри соли ҷорӣ давлати Қазоқистон режими убури мардум ва коло дар марз бо Қирғизистонро маҳдуд кард, ки ин амр мунҷар ба ташкили сафҳои тӯлонии афрод ва мошинҳои ҳимили коло аз самти ин кишвар ба тарафи Қазоқистон шуд. Дар пайи ин таниши Қирғизистон ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аз Қазоқистон шикоят карда буд.

Минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ба яке аз манотиқе табдил шуда, ки ихтилофоти марзии ҳалнашуда аз муҳимтарин мавзӯоти он аст. Дар тӯли як даҳаи гузашта тамоми кишварҳои ин минтақа даргири музокироти мухталиф барои ҳаллу фасли ихтилофоти марзии худ буданд: музокироте, ки ба кундӣ пеш меравад ва ҳатто гоҳе бо иқдомоте рӯ ба рӯ мешавад, ки қадаме ба ақиб бардоштан аст. Гоҳе ин ихтилофот марбут ба таъйини нуқоти марзӣ аст ва гоҳе низ марбут ба ихтилофи байни ду кишвар, ки коркарди марзҳои миёни ин кишварҳоро бо ихтилол рӯ ба рӯ месозад. Ба дунболи таниши шаклгирифта ду кишвар даст ба тавофуқе заданд, ки бо назорати комиссияе аз Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё иҷроӣ мешавад ва бар асоси он, ду кишвар тавофуқ карданд, ки убуру мурури коло ва афрод аз тариқи марзҳои муштараки онҳо ба сурати озодона ҷараён ёбад.

Рӯйиҳамрафта бояд гуфт, барои ҳалли масоили марзии кишварҳои Осиёи Марказӣ донистани ин нукта зарур аст, ки бо афзоиши аҳамияти иқтисодии ин минтақа лузуми таваҷҷуҳ ба манофеи муштараки байни ин кишварҳо ба амри зарурӣ табдил шудааст. Таваҷҷуҳ ба манофеи муштарак барои ин кишварҳо ба маънои афзоиши судманде дар баландмуддат ва ҳифзи суботи минтақаӣ амрест, ки раванди рушди иқтисодии ин минтақаро тазмин хоҳад кард.