Пизишкиён: Сиёсати таъомули Эрон бо кишварҳо бар пояи эҳтироми мутақобил аст
-
Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус
Порс Тудей — Раисиҷумҳури Эрон бар лузуми густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Беларус таъкид кард ва гуфт: «Ҷумҳурии Исломии Эрон, сиёсати таъомули фаъол ва мутавозин бо кишварҳоеро дунбол мекунад, ки бар пояи эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак ҳаракат кунанд».
Ба гузориши Порс Тудей, Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ дар бораи таъмиқи равобити дуҷонибаи Теҳрон — Минск ва охирин вазъияти минтақаӣ ва байналмилалӣ, табодули назар карданд.
Пизишкиён дар ин гуфтугӯ, раиси ҷумҳури Беларусро аз охирин вазъияти муртабит бо таваққуфи оташ ва гуфтугӯҳои Эрон ва Амрико дар Исломобод ва ҳамчунин корҳои таҷовузкоронаи Амрико ва режими саҳюнистӣ дар нақзи тафоҳуми таваққуфи оташ, мутталӣ(огоҳ) кард. Вай бар зарурати таваққуфи лаффозии мақомҳои Амрико ва корҳои таҳрикомези ин давлат ба манзури ҷалби эътимоди Эрон, нишон додани ҷиддият дар пайгирии гуфтугӯҳо барои поёни қатъии ҷанг ва такрор накардани таҷрибаҳои гузашта, таъкид кард.
Пизишкиён ҳамчунин бар лузуми густариши равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо Беларус таъкид кард ва гуфт: «Ҷумҳурии Исломии Эрон, сиёсати таъомули фаъол ва мутавозин бо кишварҳоеро дунбол мекунад, ки бар пояи эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак ҳаракат кунанд».
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус низ дар ин гуфтугӯ изҳор дошт: «Беларус, равобити худро бо Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбурдӣ ва рӯ ба тавсеа медонад». Лукашенко, зимни ибрози нигаронӣ аз ташдиди танишҳо дар минтақаи ғарби Осиё ва паёмадҳои амниятӣ ва иқтисодии он дар минтақа ва ҷаҳон, ибрози умедворӣ кард, ки ихтилофҳо аз роҳи гуфтугӯ, ҳаллу фасл шавад. Раиси ҷумҳури Беларус бо баёни ин ки бидуни вуҷуди эътимоди мутақобил, музокира наметавонад ба натиҷаи пойдор бирасад, бар аҳаммияти тақвияти заминаҳои эътимодсозӣ миёни тарафҳо таъкид кард.