Декабр 12, 2017 19:53 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҳафт узви Ҳизбуттаҳрир дар Қирғизистон

Ҳафт узви гурӯҳи террористии Ҳизбуттаҳрир дар амалиёти вижаи муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шуданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии АКИ “Пресс”, Вазорати умури дохилии Қирғизистон рӯзи сешанбе гузориш дод, дар ин амалиёт, ки дар вилояти Ҷалолобод иҷро шуд, аслиҳа, муҳимоту маводи инфиҷорӣ кашфу забт шуд.

Гурӯҳи террористии Ҳизбуттаҳрир, ки муддаии ташкили ҳукумати исломӣ дар саросари ҷаҳон аст, бештар дар Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъол аст.