Декабр 18, 2017 18:51 Asia/Dushanbe
  • Хонаводаи Каримов бузургтарин ширкати воридотии Узбакистонро аз даст медиҳанд

Ширкати Абу Сахӣ мутааллиқ ба Темур Тиллоев, домоди кӯчаки Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбакистон вогузор мешавад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Марк Реймонд, вакили амрикоии Темур Тиллоев ва Лола Каримова-Тиллоева, тағйири соҳиби ширкати Абу Сахиро тайид кардааст .

Ширкати Абу Сахӣ дар соли 2008 тавассути Темур Тиллоев таъсис ва ба бузургтарин ширкати воридотии Узбакистон табдил шуд .

Дар солҳои зимомдории Ислом Каримов, бозори Абу Сахӣ мустақар дар 25 гектар замин дар ғарби Тошканд ба бузургтарин бозори умдафурӯшии сартосари Узбакистон табдил шуд .