Декабр 29, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби Паймони ҳамкории стратегӣ миёни Қазоқистону Туркманистон

Парлумони Қазоқистон дар ҷаласае Паймони ҳамкории стратегӣ миёни Остона ва Ашқободро бо аксарияти орои намояндагон тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Паймони ҳамкории стратегӣ миёни Қазоқистон ва Туркманистон дар ҷараёни сафари расмии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба Остона дар моҳи апрели имсол тавассути сарони ду кишвар имзо шудааст. Ин паймон фурсатҳои зиёдеро барои афзоиши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, инсонӣ ва фаннӣ-низомӣ, ҳаво ва фазо, муҳоҷират, энержӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл, иртиботот, гардишгарӣ ва соири бахшҳо байни ду кишвар фароҳам хоҳад кард. Илова бар ин ҳамкорӣ ва талошҳои муштараки Қазоқистону Туркманистон дар заминаи ҳалли вазъи зистмуҳитии баҳрҳои Арал, Хазар ва ҳифозат аз наҳри фаромарзӣ, тавсеа ва пиёдасозии барномаҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, эҷод ва тавсеаи ҳамлу нақли байналмилалӣ, роҳҳои мухобиротӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Парлумони Туркманистон пештар, моҳи сентябри соли ҷорӣ Паймони ҳамкории стратегӣ миёни Қазоқистону Туркманистонро, ки дарозмуддату номаҳдуд аст, тасвиб кард. Қазоқистон ҳамсояи шимолии Туркманистон аст ва ду кишвар марзҳои тӯлонӣ дар хушкию баҳри Хазар доранд.