Декабр 29, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • Панҷ рӯзи таътил барои Соли Нав дар Узбакистон

Раисҷумҳури Узбакистон бо судури ҳукме дар оғози соли нави милодӣ дар ин кишвар панҷ рӯз таътил эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шавкат Мирзиёев ҳамчунин рӯзҳои таътили соли 2018 дар ин кишварро мавриди тайид қарор дод. Бад-ин тартиб рӯзҳои 30 ва 31-уми декабри соли 2017 ва аввал, дувуму сеюми январи соли 2018 дар ин кишвар ба унвони таътили расмӣ барои Соли Нав эълом шудааст. Илова бар таътили Соли Нав, Ҷашни Наврӯз, Рӯзи истиқлол, Иди Қурбону Иди Фитр низ дар феҳрасти рӯзҳои таътили ин кишвар қарор дорад.

Бар асоси фармони ёдшуда, шаҳрвандони Узбакистон дар Ҷашни Наврӯз ва Рӯзи истиқлол низ панҷ рӯз таътил хоҳанд буд.