Январ 06, 2018 21:13 Asia/Dushanbe
  • Тадвини тарҳи ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар зиндонҳои Узбакистон

Вазири корҳои дохилии Узбакистон аз тадвини тарҳи ҷилавгирӣ аз шиканҷа, фишори рӯҳӣ ва физикӣ ба зиндониён хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Пулат Бобоҷонов, вазири кишвари Узбакистон аз тадвини тарҳи ҷилавгирӣ аз шиканҷа, фишори рӯҳӣ ва физикӣ ба зиндониён хабар дод.

Пулат Бобоҷонов изҳор дошт, мардум, Вазорати кишварро ба унвони органи саркӯбгар талаққӣ мекунанд. Вай эълом кард, ҳамакнун барои аз байн бурдани падидаҳои манфӣ дар бозҷӯиҳо ва шаффофияти бештари зиндонҳои Узбакистон ба дӯрбинҳои мадорбаста муҷаҳҳаз мешаванд.

Бобоҷонов афзуд, бар асоси таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар Вазорати кишвар утоқҳои муҷаҳҳаз ба фанноварии иттилорасонӣ ва мухобиротӣ барои сабту забти бозпурсиҳо эҷод мешавад.

 

Барчасп