Тасмими эҷоди созмони ҳимоят аз ҳуқуқи муштариёни хадамоти бонкӣ дар Ӯзбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i28305-Тасмими_эҷоди_созмони_ҳимоят_аз_ҳуқуқи_муштариёни_хадамоти_бонкӣ_дар_Ӯзбакистон
Давлати Ӯзбакистон барномарезӣ кардааст, дар ояндаи наздик созмони ҳимоят аз ҳуқуқи муштариёни хадамоти бонкӣ эҷод кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 11, 2018 10:12 Asia/Dushanbe
  • Тасмими эҷоди созмони ҳимоят аз ҳуқуқи муштариёни хадамоти бонкӣ дар Ӯзбакистон

Давлати Ӯзбакистон барномарезӣ кардааст, дар ояндаи наздик созмони ҳимоят аз ҳуқуқи муштариёни хадамоти бонкӣ эҷод кунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Тошканд, ин созмон дар пайи фармони Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳурии Ӯзбакистон эҷод мешавад.

Вазоифи аслии ин созмон ҳимоят аз ҳуқуқ ва манофеи муштариёни хадамоти бонкӣ, афзоиши дастрасии молӣ ва сатҳи саводи молии шаҳрвандон ва корофаринон аст.

Илова бар ин кумитаи назорати бонкӣ ва кумитаи эътибори Бонки марказӣ дар ҷиҳати кумак ба пойдории системаи бонкӣ, ҳимоят аз манофеи дорандагони ҳисоби пасандоз ва вомдиҳандагон ва анҷоми муомилоти пулӣ эҷод хоҳанд шуд.